Дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Муғулистон баррасӣ шуд

    Дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэхлсух, ки бо сафари давлатӣ дар мамлакати мо мебошад, мулокот барпо гардид.

    Зикр гардид, ки музокироти сатҳи олии раҳбарони ду кишвар зимни сафар дар фазои ошкоро ва корӣ сурат гирифта, натиҷаҳои муассири муколама таъкид гардид. Гуфта шуд, ки ин сафари таърихӣ барои таҳкими дӯстии ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба муҳим аст.

    Таваҷҷуҳ ба он равона карда шуд, ки 14 санади дар ҷараёни сафари давлатӣ баимзорасида барои ба сатҳи нав боло бурдани ҳамкориҳои кишварҳо мусоидат намуда, дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистону Муғулистон саҳифаи навро мекушояд.

    Солхои охир ҳаҷми муомилоти мол байни ҳар ду мамлакат пай дар пай меафзояд. Қайд карда шуд, ки дар байни ширкату корхонаҳои пешқадам ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад.

    Зимни мулоқот таъкид шуд, ки роҳандозии табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ ба муттаҳидсозии минбаъдаи халқҳои мо хизмат мекунад.

    Ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки нақшаи чораҳои дақиқ оид ба фаъолгардонии ҳамкории гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Ӯзбекистон ва Муғулистон ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ таҳия карда шавад.

    Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ ҷиҳати таҳия ва имзои Ёддошти тафоҳум байни Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Хурали давлатии олии Муғулистон изҳори назар карда шуд.

    Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар китоби меҳмонони фахрии Сенати Олий Маҷлис навиштаҷот гузошт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates