Масъалаҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон баррасӣ гардиданд

    Дар Нуқус муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. Умурзоқов бо соҳибкорони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мулоқот анҷом дод.

    Дар рафти муоширати мустақим бо истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон масъалаҳои мавҷудаи мушкилот ба таври назаррас баррасӣ гардида, аз рӯи ҳар яки онҳо роҳҳои ҳалли онҳо омода карда шуданд.

    Намояндагони соҳибкорон дар бештари маврид масъалаҳои ҷудо намудани захираҳои молиявӣ, тамдиди пардохти фоизи қарзҳои қаблан додашуда, гирифтани қитъаҳои замин, бинову иншооти холӣ, иҷозатнома ва литсензияҳои зарурӣ, пайвастшавӣ ба коммуникатсияи инфрасохторӣ ва механизмҳои баргардонидани андози арзиши изофаро ба миён гузоштанд.

    Ҳар як муроҷиатнома ба таври индивидуалӣ бо ҷалби роҳбарони вазорату идораҳо ва банкҳои тиҷоратӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки мушкилоти ошкоргардидаро сари вақт бартараф намуда, ба соҳибкорон ёрии амалии самарабахш расонанд. Назорати хушсифату сари вақт ҳаллу фасл намудани супоришоти мазкурро Инспексияи мониторинги татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва савдои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ менамояд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates