Дар ҷараёни ҷамъомад вазифаҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва соҳаи хизматрасонӣ муайян карда шуданд. Ба роҳбарони шӯъбаҳо ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки тавассути сафар ба ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят пешниҳодҳоро оид ба татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ оиди маҳаллисозии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо арзиши иловагии баланд таҳия кунанд. Инчунин оид ба андешидани чораҳои амалии тезонидани татбиқи як қатор лоиҳаҳои дар доираи барномаи минтақавии сармоягузорӣ тасдиқшуда дастурҳо дода шуданд.
Масъалаҳои сохтмони инфрасохтор баррасӣ шуданд - ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои навсозии системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсия ва таҷдиди роҳҳои автомобилгарди вилояти Бухоро, ки бо иштироки Бонки осиёгии сармояҳои инфрасохторӣ амалӣ карда шуданд, омӯхта шуд. Роҳбарони масъул дар бораи корҳои иҷрошуда ҳисобот пешниҳод ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро эълон карданд. Дастур дода шуд, ки иҷрои саривақтии ҷадвалҳои тасдиқшуда ва сифати дахлдори корҳо таъмин карда шавад.
Дар ҷараёни ҷамъомад инчунин ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо, роҳбарони секторҳои вилояти Бухоро дар бораи мушкилоти мубрами кори кунунӣ сухан гуфтанд. Ба роҳбарони сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ супориш дода шуд, ки барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххаси амалӣ андешанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Як қатор масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои саноати минтақа, расонидани кумаки амалӣ ба соҳибкорон ва содиркунандагон, баланд бардоштани самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатии хурд, рушди маҷмӯии маҳаллаҳо, афзоиши шуғл ва ташкили ҷойҳои нави корӣ баррасӣ шуданд. Дар натиҷаи вохӯрӣ ба роҳбарони масъул оид ба хушсифат ва саривақт иҷро кардани вазифаҳои самтҳои баррасишуда супоришҳои мақсаднок дода шуданд.