Консепсияи таҷрибаи хоразмии лоиҳаи миллии «Макони сабз» таҳия гардид

    Сайёраи сабз 1 Mart 2022 1345

    28 феврал бо ташаббуси Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои рушди минтақаи Арал ва экология якҷоя бо Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва Ҷунбиши экологӣ бахшида ба моҳият ва аҳамияти лоиҳаи миллии "Макони сабз" ва механизмҳои татбиқи таҷрибаи Хоразм суҳбати "мизи мудаввар" гузаронда шуд.

    Лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар доираи Фармони Президент «Дар бораи чораҳои тезонидани корҳои ниҳолшинонӣ ва ташкили минбаъдаи самараноки ҳифзи дарахтон дар ҷумҳурӣ» амалӣ карда мешавад.

    Зимнан зикр гардид, ки дар тирамоҳи соли 2021 дар кишвар беш аз 85 миллион ниҳол шинонида шуда, баҳори имсол шинондани 105 миллион дарахт дар назар аст.

    Лоиҳаи миллии «Макони сабз» аз ҳисоби бунёди «боғҳои сабз» ва «хиёбонҳои сабз» дар ноҳияҳо, шинонидани ниҳолу буттаҳо дар хиёбонҳо, қад-қади роҳу кӯчаҳо, канори каналҳо ва дигар иншооти обёрӣ, микрорайонҳо, байни биноҳои истиқоматӣ, дар ҳудуди ташкилотҳо, инчунин дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ татбиқ карда мешавад.

    Бо назардошти хусусияти ҳар як минтақа ва таҷрибаи дар давраи гузашта ғуншуда, якҷоя бо ҳокимияти вилояти Хоразм Консепсияи таҷрибаи Хоразм оид ба ташкил кардани низоми шинондани дарахтон, парвариши онҳо ва ҳифз аз зараркунандагон дар доираи лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» таҳия гардид.

    Зимнан зикр гардид, ки дар Консепсия ҳадафу вазифаҳои лоиҳа дар вилоят, хусусиятҳои минтақа ва мушкилоти мавҷуда, маҷмӯи тадбирҳо оид ба парвариш, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, нигоҳубин, ҳифз, инчунин вусъат додани майдони ниҳолҳо ва масъалаҳои амалӣ гардондани назорати самарабахш аз болои корҳои анҷомёфта инъикос ёфтаанд.

    Барномаи мақсадноки шинондан ва нигоҳубини ниҳолҳои дарахтон ва платформаи электронии «Макони сабз» низ таҳия карда мешавад.

    Дар баҳори соли 2022 дар вилоят 9 миллиону 56 ҳазор ниҳол ва қаламчаҳои дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда мешавад. Бо мақсади ҳифзи шаҳрҳои Урганҷ ва Хева аз таъсири намаки қуму биёбон “сипари сабз” насб карда, дар солҳои 2022-2024 дар вилоят дар 124 гектар 13 “боғи сабз” ва 25 “боғи ҷамъиятии сабз” дар 144 гектар майдон бунёд карда мешавад.

    Ғайр аз ин, дар қад-қади роҳҳои истифодаи умум дар заминҳои хоҷагии қишлоқ дарахтҳо ва буттаҳои сабзи муҳофизатӣ шинонида мешаванд.

    Дар солҳои наздик вобаста ба шароити табиию иқлимии вилоят бунёд намудани се ниҳолхонаи парвариши ниҳоли дарахту бутта (барои минтақаҳои корам, биёбон ва соҳилӣ), Маркази агрологистикии назди ҳокимияти вилоят дар назар аст.

    Чорабинии мазкур ба оммавӣ гардонидани моҳият ва аҳамияти лоиҳаи миллии «Макони сабз», таъмини иштироки ҷомеа дар иқдом ва гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ байни аҳолӣ равона карда шудааст.

    Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи миллии "Макони сабз" ба сифати "Таҷрибаи Хоразм" таҳти назорати доимии Сенати Олий Маҷлис, инчунин ҷомеаи васеъ қарор хоҳад гирифт, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates