Ин амалиёт дар ҳамкорӣ байни Департаменти оперативӣ-ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Истанбул амалӣ гардид.

Муайян карда шуд, ки боздоштшуда, соли таваллудаш 1980, ба содир намудани ҷиноят мутобиқи қисми 4 моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муттаҳам мебошад.

Тибқи маълумоти тафтишот, ӯ бо роҳи фиреб маблағҳои пулии зиёда аз даҳ шаҳрвандро аз худ намуда, ба онҳо ваъда додааст, ки воситаҳои нақлиёти боркаш интӣиқол медиҳад. Ҳаҷми умумии зарари расонидашуда беш аз 3 миллиарду 607 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

Аз соли 2023 ин мард аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Юнусобод дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ ӯ дар шаҳри Истанбул пайдо ва боздошт гардида, баъдан барои идомаи тафтишот ба Ӯзбекистон интиқол дода шуд.