Шабакаи роҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ инкишоф меёбад

    Шаҳришавӣ 13 Iyun 2023 7034

    Бо иштироки Бонки осиёии рушд лоиҳаи бо фарши симониву бетонӣ пӯшондани қитъаи роҳи автомобилгарди А-380 “Ғузор – Бухоро – Нуқус – Бейней”, ки дарозиаш 87 км (228 – 315 км) мебошад, татбиқ мегардад.

    Ин роҳ як долони муҳими байналмилалии хатсайри аврупоии Е-40 ва масири осиёии АН-63, ки аз қаламрави Ӯзбекистон мегузарад, мебошад.

    Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа роҳи автомобилӣ бо фарши асфалту бетонии 2 хаттӣ ба роҳи автомобилгарди фаршаш симону бетонии 4 хати табдил дода мешавад. Дар натиҷа иқтидори роҳи автомобилгард 3 баробар меафзояд. Ба 30 сол расондани муҳлати хизмати фарши рӯи замин пешбинӣ шудааст.

    Тибқи иттилои хидмати матбуоти вазорати нақлиёт, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа, гардиши сайёҳӣ дар хатсайрҳои Бухоро ва Хива, Бухоро-Нуқус ба 2,5 баробар афзоиш ёфта, ҷолибияти он барои ҳамлу нақлҳои байналмилалии транзитии долони дуюми байналмилалии нақлиётӣ, ки ба долони нақлиётии Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки аз қаламрави кишвари мо мегузарад, дохил мешаванд, баланд мегардад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates