Дар доираи сафар мулоқоти ҳайати Ӯзбекистон бо ректори Донишгоҳи Сёдертёрн, профессор Густав Амберг, муовини ректори ин донишгоҳ, профессор Анна Мария Йонссон, кормандон ва тадқиқотгарони илмии Маркази тадқиқоти Балтика ва Аврупои Шарқӣ назди ин донишгоҳ ташкил карда шуд, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳияи барномаҳои муштарак дар соҳаи педагогика ва такмили ихтисоси омӯзгорон байни мактабҳои олии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Сёдертёрн, ба роҳ мондани мубодилаи муаллимон ва донишҷӯён, ташкили курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисос дар Шветсия, гузарондани конференсияю семинарҳои якҷоя дар Тошканд ва Стокголм, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, аъзои ҳайати Ӯзбекистон ба Маркази тадқиқоти Балтика ва Аврупои Шарқии Донишгоҳи Сёдертёрн ташриф оварда, бо фаъолияти ин марказ ошно шуданд ва оид ба масъалаҳои гуногун бо профессорону докторантҳо табодули афкор намуданд.
Дар натиҷаи сафар дар бораи ҳамкорӣ дар як қатор самтҳо бо Донишгоҳи Сёдертёрн созишномаҳо ба даст омадаанд.