Дар вокуниш ба таҳдиди ҷаҳонии хуруҷи обилаи маймун, Русия барои ҳифзи саломатии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чораҳои қатъӣ меандешад.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи беҳдошти санитарию эпидемиологии кишварҳои узви ИИАО, ки рӯзи 26 август таҳти раёсати сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия Анна Попова баргузор шуд, маҷмӯи тадбирҳо оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии кишварҳои узви ИИАО, мубориза бар зидди паҳншавии сирояти хавфнок мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иштирокдорони ҷаласа, аз ҷумла намояндагони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбкистон, хатари паҳншавии обилаи маймун дар минтақаро паст арзёбӣ карда, аммо муҳимияти пешгирии саривақтиро таъкид карданд. Кишварҳо назорати санитарию карантиниро дар марзҳо пурзӯр карда, дигар чораҳои заруриро меандешанд.

Ба масъалаи таъмин намудани ташхиси лаборатории обилаи маймун диққати махсус дода шуд. Дар робита ба ин, ҷониби Русия тасмим гирифт, ки системаҳои тестиро, ки Муассисаи федеролии буҷавии илм, Маркази давлатии илмии вирусология ва биотехнологияи «Вектор»-и Роспотребнадзор таҳия кардааст, ба шарикон дар ИИАО супорад.

Аввалин маҷмӯи системаҳои тестӣ дар ин ҳафта ба Ӯзбекистон оварда мешаванд.