Русия арзишҳои фарҳангии асрҳои XIII-XIX -ро ба Ӯзбекистон супурд

    Бехатарӣ 22 Iyun 2021 485

    21 июни соли равон дар шаҳри Маскав, дар қаламрави Хидмати федералии гумрук маросими супурдани арзишҳои фарҳангӣ ба намояндагони Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Хидмати федералии гумруки Русия ба ҷониби Ӯзбекистон 29 китоб ва 16 ашёи сафолиро, ки ба асрҳои XIII-XIX тааллуқ доштанд, супурд.

    Маросими супурдан дар доираи созишнома дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукии ду кишвар оид ба боздошт ва бозгардонидани моликияти фарҳангии ғайриқонунӣ воридшуда баргузор гардид, хабар медиҳад Хидмати федералии гумруки Федератсияи Русия.

    Мувофиқи экспертизаи санъатшиносӣ, китобҳои дастнавис маҷмӯи маъмулии матнҳои диниро бо забонҳои арабӣ, форсӣ ва забони туркӣ, ки хоси фарҳанги хаттии Осиёи Миёнаи асри XIX мебошанд, инчунин асари манзумро дар форсӣ ва туркӣ муаррифӣ мекунанд. Маҳсулоти сафолӣ -- кӯзаҳо, косаҳо, хумҳо маҳсули устохонаҳои кулолгарии Самарқанд дар асрҳои миёна мебошанд.

    Сокини Қрим воридоти контейнереро, ки дар он ашёи шахсӣ эълом шудааст, ба қаламрави ИИАО ташкил кардааст. Ҳангоми назорати гумрукӣ дар контейнер, аз ҷумла, дастхатҳо бо забони арабӣ ва сафолҳо низ ёфт шуд, ки ба гуфтаи мутахассисон, ба категорияи сарвати фарҳангӣ тааллуқ доранд.

    Зан барои содир кардани ҷиноят мутобиқи қисми 1 моддаи 226.1 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати ду сол бо ҳукми шартӣ адо намудани ҷазо аз озодӣ маҳрум карда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates