Ба гуфтаи вазорати маорифи Русия, имрӯз мутахассисони ниёзманд дар 14 филиали донишгоҳҳои Русия омода мешаванд. Дар байни донишгоҳҳое, ки аллакай дар Ӯзбекистон филиалҳои худро кушодаанд, мактабҳои олии пешрафтаи Русия: Академияи иқтисодии ба номи Г.В. Плеханови Русия, Донишгоҳи давлатии ба номи М.Б. Ломоносови Маскав, Донишгоҳи давлатии нафту гази ба номи И.М. Губкини Русия, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии "MИСиС" ва дигар мебошанд.

Ҳамин тариқ, филиали тошкандии Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии Донишкадаи муҳандисиву физикии Маскав барои соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон корхонаи кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ мебошад.

Чунон ки иҷрокунандаи вазифаи директори филиал Юрий Маслов хабар дод, ҳоло дар ин ҷо дар курсҳои 1-3 226 нафар донишҷӯ  таҳсил мегиранд. Дар доираи маъракаи қабули соли 2023, филиал метавонад қабули довталабонро барои соҳаҳои таҳсили марбут ба соҳаи энергетикаи атомӣ эълон кунад.

Илова бар ин, дар Ӯзбекистон филиалҳои Донишгоҳи миллии тадқиқотии тиббии Русия ба номи Н.И. Пирогов, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия дар Самарқанд, Донишгоҳи давлатии геодезия ва картографияи Маскав кушода мешаванд.

Донишгоҳи политехникии Санкт-Петербург (СПбПУ) ба нақша гирифтааст, ки дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон шӯъбаҳои нав ифтитоҳ кунад, гуфт муовини ректор оид ба корҳои байналмилалӣ Дмитрий Арсенев.

«Дар ин ва дигар масъалаҳо мо бо як қатор донишгоҳҳои пешрафта ҳамкорӣ дорем. Дар байни онҳо Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, Донишкадаи мошинсозии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ҳастанд, ки мо ҳоло бо онҳо имкони офаридани барномаҳои шабакавии муштаракро дар соҳаи энергетика ва сохтмони гражданӣ технологияи истеҳсолӣ баррасӣ карда истодаем  ва аз рӯи натиҷаҳои кор дар оянда масъалаи ба максад мувофиқ будани ифтитоҳи филиалҳо ё дигар сохторҳои муштараки таълимӣ ҳал хоҳад шуд», - таъкид кард Дмитрий Арсенев.

Ба ҷуз филиалҳо донишгоҳҳои Русия дар Ӯзбекистон марказҳои таълимии русиро боз мекунанд. Чунин марказ дар заминаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (СамДУ), ки муддати тӯлонӣ бо Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ ҳамкорӣ дорад, пайдо мешавад.

«Марказ ба платформаи ҳамкорӣ дар доираи васеи соҳаҳо табдил меёбад. Дар доираи кори Марказ баргузории чорабиниҳои муштарак, табодули омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои ҳамоҳангсозии ин фаъолият дар заминаи Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ мо Маркази байналмилалии Русия-Ӯзбекистонро таъсис дода истодаем”, -- гуфт ректори Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ Дмитрий Беспалов.

Ӯзбекистон аз рӯи шумораи филиалҳои донишгоҳҳои Русия пешсаф аст. Ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо, ки 115 донишгоҳу донишкадаҳои Русия ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, тавсеа ёфта, мунтазам конфронсҳо баргузор гардида, лоиҳаҳои муштараки таълимӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар оғози сол 44 нафар мутахассисон аз муассисаҳои таълимии Русия ба Тошканд омада, бо хоҳишмандони таҳсил дар Русия сӯҳбатҳо анҷом доданд.

Ҳар сол шумораи ҷойҳои буҷетӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон меафзояд. Дар соли 2020 донишгоҳҳои Русия 228 ҷой, дар соли 2021 аллакай 430 ҷой ҷудо карданд ва дар соли нави таҳсил ин рақам тақрибан ду баробар афзоиш меёбад.