Роҳбарони хидматҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо фаъолияти Сенат шинос шуданд.

    23 июни соли ҷорӣ роҳбарон ва кормандони масъули хидматҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ҳокимиятҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ба мақсади шинос шудан бо фаъолияти палатаи болоии парлумон дар Сенати Олий Маҷлис шуданд.

    Меҳмонон бо фаъолияти палатаи болӣ, аз ҷумла кори сенаторон ва кормандони дастгоҳи Сенат шинос шуданд.

    Мутахассисони соҳа инчунин шароити дар ин ҷо фароҳам овардашуда, толорҳо барои ҷамъомадҳои Сенат, Шӯро ва кумитаҳои он, китобхонаи Сенат ва шароите, ки барои журналситон фаром оварда шудаанд, аз назар гузаронданд.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар давраи гузашта дар бисёр мақомоти давлатӣ ва ҳокимиятҳо фаъолияти хидматҳои матбуот, ки бевосита барои гузарондани сиёсати иттилоотӣ масъуланд, такмил дода шуд.

    Агар то соли 2019 дар хидмати матбуоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ 433 нафар мутахассис кор карда бошад, ҳоло шумораи онҳо қариб ба 1100 нафар расидааст.

    Дар рафти чорабинӣ меҳмонон бо муовини раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ ва таъмини ошкорбаёнӣ дар мақомоти давлатӣ Ф.Боқиев вохӯрда, мулоқот анҷом доданд.

    Бинобар суханони сенаторон, ба туфайли самарабахшии ислоҳот оид ба таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ мавқеи давлат дар як қатор рейтинг ва индексҳои байналмилалии дахлдор беҳтар гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates