Ба иттилои канали Telegram-и бахши консулгарии Сафорати Ӯзбекистон, аз 1 сентябри соли 2025 то 1 сентябри соли 2029 барои хориҷиёне, ки бе раводид ба Русия ворид мешаванд ва дар ин минтақаҳо қарор доранд, қайди иловагӣ, дактилоскопия, аксбардории биометрӣ ва назорати макони будубош амалӣ мегардад.
Ин қонун инчунин ҳуқуқи корфарморо васеъ мекунад.
Ҳоло корфармоён метавонанд шаҳрвандони хориҷиро бо патенте, ки дар субъекти ҳамсояи Русия гирифта шудааст, ба кор қабул намоянд. Масалан, агар патент дар шаҳри Маскав гирифта шуда бошад, шахс метавонад дар вилояти Маскав низ кор кунад.








