Аз соли 2025 Ӯзбекистон нақша дорад тарифи обро барои шустани мошинҳо боло барад

    Аз аввали январи соли 2025 Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки тарифи обро барои мошиншӯйҳо то 15 ҳазор сӯм барои як метри мукааб боло барад. Дар ин бора дар паёми буҷети Вазорати молия хабар дода шудааст.

    Тадбире, ки пешнидод карда мешавад, ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва кам кардани сарфи бефоидаи он нигаронида шудааст. Дар натиҷа арзиши хидматрасонӣ дар пунктҳои худхизматрасонӣ ва дигар намудҳои шустани мошинҳо хеле зиёд мешавад.

    Ҳоло нархи як метри мукааб оби хунук барои шахсони ҳуқуқӣ 2700 сӯмро ташкил медиҳад.