Иҷрои Буҷети давлатӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 баррасӣ шуд

    Молия 13 Sentabr 2022 1977

    Дар ҷамъомади васеи Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки 12 сентябр баргузор гардид, ҳисоботи Девони Вазирон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 баррасӣ гардид.

    Қайд гардид, ки ба шарофати ҳавасмандгардонии ҳамоҳангшудаи фискалӣ ва пулию қарзӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 иқтисодиёти ҷумҳурӣ 5,4 фоиз афзоиш ёфт. Хизматрасонӣ ва саноат муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ гардиданд.

    Дар навбати худ ба шарофати тадбирхои самарабахш даромади реалии аҳолӣ 7,2 миллион сӯмро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 фоиз афзуд.

    Дар шаш моҳи соли 2022 қисми даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба пешгӯӣ 106 фоиз иҷро гардид. Даромад назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17,8 триллион сӯм зиёд иҷро гардида, дар ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ 4 триллион сӯм монд.

    Хароҷоти буҷети давлатӣ дар шаш моҳи соли 2022 бидуни маблағҳои мақсадноки давлатӣ беш аз 103 триллион сӯмро ташкил дод, ки нисбат ба ММД 26,4 фоизро ташкил медиҳад.

    Сенаторон муносибаташонро нисбат ба вазъияти ба ҳисоб гирифтани афкори умум аз ҳисоби қисми барзиёдиҷрошудаи буҷаи маҳаллӣ ба воситаи портали "Буҷаи кушод" изҳор намуданд. Зимнан зикр гардид, ки дар ин самт шаффофият ва иштироки васеи шаҳрвандонро таъмин намудан зарур аст.

    Дар таъмини иҷрои даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои мақсадноки буҷети давлатӣ ба баъзе камбудиҳо роҳ дода шудааст.

    Бинобар масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдори кумита қабул гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates