Дар доираи ин мавсим равандҳо дар чанд марҳила ташкил карда мешаванд.
Аз ҷумла:
– аз 1 то 20 феврал шаҳрвандон лоиҳаҳои худро пешниҳод менамоянд;
– аз 21 феврал то 7 март лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз марҳилаи интихоб мегузаранд;
– аз 8 то 10 март корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд;
– овоздиҳӣ аз 11 то 20 март баргузор мегардад.
Ҳамчунин аз 21 то 31 март эълон намудани ғолибони иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои маълумот: тибқи натиҷаҳои марҳилаи анъанавии овоздиҳӣ, лоиҳаҳои ғолиб 21 март — дар рӯзи ҷашни Наврӯз эълон хоҳанд шуд.