Сенаторҳо Қонун оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2024-ро қабул карданд

    Молия 19 Dekabr 2024 207

    Дар рафти ҷамъомади дуюми умумии Сенат Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2024» баррасӣ гардид.

    Дар кишвар ба мақсади дониш ва касбҳои муосирро аз худ кардани ҷавоно дар соҳаи маориф ислоҳоти низомӣ амалӣ шуда истодааст. Дар солҳои охир дар ҳар як маҳалла, деҳа ва ҳатто минтақаҳои дурдаст корҳои самарабахш ҷиҳати рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ амалӣ мегарданд.

    Имсол бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии минтақаҳо, масъалаҳои муҳимтарини марбут ба инфрасохтори маҳаллаҳо, инчунин татбиқи чорабиниҳои дорои аҳамияти давлатӣ фармонҳо ва қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарорҳои Девони Вазирон қабул шудаанд.

    Ғайр аз ин, як қатор тадбирҳо барои мутобиқ кардани қонунгузории андоз, гумрук ва буҷет ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо амалӣ мешаванд.

    Мувофиқи Қонун иловагӣ ҷудо кардани 2,5 триллион сӯм барои зиёд кардани сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратӣ ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои соҳибкорӣ ва тиҷорати хурд, 1,3 триллион сӯм барои корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ҷиҳати ҳалли муҳимтарин масъалаҳои инфрасохтор дар маҳаллаҳо, 840,5 миллиард сӯм ба Хазинаи маблағгузории қарзҳои таълимӣ барои қонеъ кардани талаботи зиёд ба қарзҳои таълимӣ ва пардохти қарзҳои соли гузашта пешбинӣ шудааст.

    Барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи чорабиниҳои дорои аҳамияти давлатӣ ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ ба Хазинаи эҳтиётии Девони Вазирон ба миқдори 524,8 миллиард сӯм, ба Хазинаи дастгирии соҳибкорони ҷавон 200 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.

    Дар қонун хароҷотҳо бо сабаби кам кардани воҳидҳои штатии такрорӣ, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, бо назардошти сармоягузориҳои ба лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва муҷаҳҳазсозии объектҳо пешбинишуда, инчунин имконоти азхуд кардани хароҷоти буҷети соли ҷорӣ оптимизатсия карда мешаванд.

    Ҳаҷми хароҷотҳои буҷети ҷумҳурӣ қариб ба 10 триллион сӯм зиёд карда мешавад.

    Сенаторҳо Қонунро қабул намуда, аҳамияти онро таъкид карданд, ки ҳамаи тағйиротҳои ба Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2024 воридшуда ба истифодаи мақсаднок, самаранок ва натиҷагирии харҷи маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мешаванд, ба ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои муҳим ва маблағгузории онҳо равона карда шудаанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates