Алоқаи роҳи оҳани мусофирбари миёни Русия ва Ӯзбекистон аз 23 июн барқарор мешавад

    Нақлиёт 15 Iyun 2022 1239

    Аз 23 июни соли 2022 сар карда ҳаракати қатораи мусофирбари № 5/6 самти "Тошканд – Самара – Тошканд" оғоз меёбад.

    Ба иттилои ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари”, қатораи № 5/6 “Тошканд – Самара – Тошканд” рӯзҳои панҷшанбе соати 19:05 аз вокзали “Тошканд-Марказӣ” ба роҳ мебарояд ва рӯзи шанбе соати 18:14 ба истгоҳи роҳи оҳани Самара мерасад. Бозгашт аз Самара рӯзҳои якшанбе соати 16:11 ва расидан ба вокзали марказии Тошканд рӯзи сешанбе соати 16:56 сурат мегирад.

    Барои маълумот: Масофа аз Тошканд то Самара бо роҳи оҳан 2271 километрро ташкил медиҳад. Поезд 48 соат дар роҳ мешавад. Қатораи мусофирбари № 5/6 «Тошканд — Самара — Тошканд» аз 11 вагон иборат аст: 3 купе, 7 пласкарт ва вагон-тарабхона.

    Маълумот дар бораи нархи чиптаро бо назардошти тахфиф вобаста ба муҳлати фурӯш аз www.chipta.railway.uz инчунин www.e-ticket.railway.uz донистан мумкин аст.(Ёдовар мешавем, ки чиптаи электронӣ арзонтар аст, чунки ба он боҷи кассавӣ дохил намешавад).

    Маълумоти иловагиро метавон аз рақами кӯтоҳи телефони 1005 (бюрои маълумотҳои пойтахт), инчунин рақамҳои телефонҳои иттилоотии минтақавӣ гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates