Гулистон Пердибоева, Аёкуз Ҷумамуратова, Наргиза Ҷаксибоева ва Самира Шокирова, ки дар рақобатҳои дастаӣ қувва озмуданд, дар чорякфинал бар тими Олмон ва дар нимфинал бар тими Италия ғолиб омаданд.
Дар рақобати ҳалкунанда, шамшербозони Ӯзбекистон ба тими Маҷористон ҳеҷ гуна имконият нагузошта, як медали тиллои дигарро ба даст оварданд.
Тавре ки хидмати матбуоти КМО хабар медиҳад, дар барномаи инфиродӣ ҳамватани мо Самира Шокирова низ ба медали тилло сазовор гардид.