Саида Мирзиёева дурнамоҳои ҳамкориро бо ҳайати ИМА баррасӣ кард

    27 октябр роҳбари Админстратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева бо ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Президенти ИМА оид ба умури ҷанубӣ ва миёнаи Осиё Серҷио Гор ва муовини котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқоти созанда анҷом дод.

    Намояндагони маъмурияти ИМА суръат ва миқёси ислоҳотеро, ки дар Ӯзбекистон дар тӯли ҳашт соли охир таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев амалӣ шудаанд, қайд карданд.

    Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ба тавсеаи имкониятҳо дар соҳаи савдо ва иқтисод таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амнияти ҷамъиятӣ табодули назар карданд.

    "Чунин вохӯриҳо ба мо имкон медиҳанд, ки имкониятҳои ҳарду ҷонибро беҳтар дарк кунем ва онҳоро ошкор созем. Зеро, ба шарофати сиёсати кушодагии мо, кишвари мо барои лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, иқтисод ва бисёр соҳаҳои дигар торафт ҷолибтар мешавад", - таъкид кард Саида Мирзиёева.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates