Қайд гардид, ки Ӯзбекистон нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки қонун дар бораи муқовимат ба зӯроварии хонаводагиро қабул намуда, инчунин ҷавобгариро барои ҷиноятҳои ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон шадидтар кардааст. Бо вуҷуди ин, таъкид шуд, ки чораҳои андешидашуда ҳанӯз кофӣ нестанд.
«Мо набояд бозистем. Зарур аст, ки низоми муассири вокуниши фаврӣ ба ҳар як ҳолати зӯроварӣ таъсис дода шавад. Аксар вақт вазъи воқеӣ пинҳон мемонад: мо аз омор, ҷазо ва арзёбии манфӣ метарсем ва ба қабули танқид омода нестем. Вале сарнавишти инсон аз ҳар гуна нишондиҳандаҳо муҳимтар аст», — таъкид намуд Саида Мирзиёева.
Ӯ ҳамаи роҳбарони масъулро ба баровардани хулосаҳои зарурӣ даъват намуда, таъкид кард, ки муборизаи оштинопазир бо ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ, инчунин ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои занон ва кӯдакон бояд на танҳо дар сухан, балки дар амал сурат гирад.