Роҳбари Маъмурияти Президент ба Котибияти ЮНЕСКО барои ҳамкорӣ сипосгузорӣ намуд. Зикр гашт, ки Ӯзбекистон ҳамчун ҳамкори боэътимоди ЮНЕСКО равобитаро дар роҳҳои сулҳ, таълим ва табодули байнифарҳангӣ идома медиҳад.
«Ман ба ҳамаи давлатҳои аъзо, ки ташаббуси Президенти мо Шавкат Мирзиёевро дар бораи баргузории ин чорабинии таърихӣ дар маркази Роҳи бузурги абрешим якдилона дастгирӣ карданд, сипоси самимии худро изҳор мекунам», — гуфт роҳбари Маъмурияти Президент.










