Ифтитоҳи ин мактаб қадами муҳим дар иҷрои барномаи давлатӣ оид ба рушди намудҳои гуногуни гимнастика ба ҳисоб меравад.

 «Боварӣ дорам, ки мактаби нав имкониятҳои ҷавононро барои шуғл варзидан бо варзиши касбӣ васеъ мекунад, ба ошкор ва дастгирии гимнастикони соҳибистеъдод мусоидат намуда, захираи пурқуввати варзишии кишварро фароҳам меорад, ки ба таҳкими мавқеи гимнастикаи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ хизмат хоҳад кард» -- қайд намуд Саида Мирзиёева.