Саъида Мирзиёева бо Дабири кулли Шӯрои донишмандони мусулмон мулоқот анҷом дод

    Фарҳанг 2 May 2025 1672

    Ёвари Президенти Ӯзбекистон Саъида Мирзиёева 1 май бо Дабири кулли Шӯрои донишмандони мусулмон Муҳаммад Абдусалом мулоқот намуд.

    «Ман ба ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ барои дастгирии арзишҳои умумиинсонӣ ва маънавие, ки асоси исломро ташкил медиҳанд, изҳори миннатдорӣ мекунам.

    Дастовардҳои Ӯзбекистон таҳти раҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ҳамоҳангии байнидинӣ ва мероси беназири исломие, ки кишвари мо ба он ифтихор мекунад, дар саросари ҷаҳон эътироф мешаванд.

    Ман махсусан аз он эҳсоси самимият дорам, ки саҳми хоксоронаи ман дар ин самт зикр шуд ва маро ба ҳайати доварони ҷоизаи байналмилалии солонаи бонуфузи Шайх Зайд «Бародарии инсонӣ» шомил карданд.

    Фақат бо кӯшишҳои муштарак мо метавонем ҷаҳонро беҳтар созем», — навиштааст Саида Мирзиёева.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates