Бо интихобкунандагони Самарқанд вохӯрӣ баргузор гардид

    Интихоботи 24 Sentabr 2021 2382

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 сентябр дар шаҳри Самарқанд бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор намуд.

    Чорабиниро шахси боэътимоди номзад дар вилояти Самарқанд Р.Холмуродов ифтитоҳ намуд. Сухан ба Шавкат Мирзиёев дода шуд.

    – Самарқанд яке аз бузургтарин марказҳои таърихию фарҳангӣ, пойтахти қадимист, ки дар он асосҳои давлатдории миллии мо гузошта шуда буданд. Ин шаҳри дорои таърихи бой ва беҳамто дар таърихи Ӯзбекистон ва имрӯз дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мо мақоми хоса дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Номзад дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ суханронӣ кард. Он аз даҳ самти афзалиятнок иборат аст, ки масъалаҳои иқтисодиёт, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, рушди минтақаҳо, идоракунии давлатӣ, волоияти қонун, сиёсати хориҷӣ ва фарҳангро фаро мегиранд.

    Нақшаҳо оид ба рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд эълон карда шуданд. Аз ҷумла, мақсади ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҳисоби созмон додани 450 ҳазор ҷойҳои корӣ мебошад. Дар панҷ соли наздик дар вилоят татбиқи беш аз 5,5 ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 8 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Ба мақсади афзун гардондани ҳаҷми савдои хориҷӣ дар шафати аэропорти Самарқанд маркази байналхалқии боркашонӣ, дар ноҳияҳои Ҷомбой, Пахтачӣ, Оқдарё ва Самарқанд 6 маркази агрологистикӣ ташкил карда мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, ки беш аз 600 меҳмонхона ва хонаҳои меҳмонӣ ташкил карда шуда, шумораи ҷойҳои ҷойгиркунӣ ба 12 ҳазор расонда шавад. Миқёси расондани ёрии баландтехнологии тиббӣ ба аҳолӣ вусъат ёфта, Самарқанд ба «Маркази тиббӣ»-и вилоят табдил меёбад.

    – Ба чунин иқтидори бузурги халқамон такя намуда, барои ноил шудан ба мақсади ягонаи бузург мо Худо хоҳад боз Самарқандро «Ба сайқали рӯйи замин» табдил медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Халқи дар тӯли таърихи пуршарафи худ шаҳрҳои бузург, давлатҳо ва тамаддунҳои азим бунёдкардаи мо ба ин ҳамаҷониба қодиру сазовор мебошанд.

    Нотиқон дар вохӯрӣ андешаҳои худро дар бораи барнома изҳор намуда, шаҳрвандонро барои фаъолона иштирок кардан дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват карданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates