«Фармондеҳи ҳавопаймои Boeing 787 қарор кард, ки дар фурудгоҳи захиравии самти парвоз фуруд ояд. Дар бораи мушкилот дар киштӣ тавассути радио хабар дода шуд. Дар замин мусофир, шаҳрванди Ӯзбекистон, соли таваллудаш 1991, аз ҷониби кормандони пулис аз парвоз берун карда шуд”, - омадааст дар хабари ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йуллари”.
Пас аз анҷом додани расмиёти зарурӣ, ҳавопаймо парвозро ба фурудгоҳи таъиншуда идома медиҳад.
Вақти тахминии фурудоии ҳавопаймо ба Тошканд соати 13:00 ба вақти Тошканд аст, хабар медиҳад хидмати матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.