Ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратию сармоягузорӣ як қатор санадҳои дуҷониба имзо гардиданд

    Пас аз баргузории сӯҳбати мизи мудаввар бо роҳбарони ширкатҳои пешсафи ИМА, фондҳои сармоягузорӣ ва институтҳои молиявӣ, бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва намояндаи махсуси Президенти ИМА Сержио Гор маросими мубодилаи санадҳои дуҷониба баргузор гардид.

    Бахусус, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:

    Созишнома миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати "Boeing" дар бораи ҳамкории дарозмуддат дар соҳаи нақлиёт;

    Созишнома байни ҶММ "Технопарк" ва ширкати "FLSmidth" дар бораи таъсиси корхонаи муштарак барои истеҳсоли таҷҳизоти кӯҳкорӣ;

    Созишнома байни "Akfa group" ва "Cleveland Clinic" дар бораи таъсиси клиникаи серсоҳа ва муассисаи таълимӣ;

    Созишнома миёни ширкати ҳавоии "Centrum Air" ва ширкати сармоягузории "Oppenheimer" дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байниҳамдигарӣ;

    Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати иқтисод ва молия ва ширкати "Citigroup";

    Созишнома миёни ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" ва ширкати "Cargill Financial Services International" оид ба ҳамкории молиявӣ;

    Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҶСК "Ӯзтрансгаз" ва ширкати "Pangea Filtration Technology";

    Созишнома миёни Вазорати саноати кӯҳӣ ва геология ва ширкати "Cove Capital" дар бораи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии геологӣ дар маҳалҳои ояндадор;

    Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҶММ "Янги Кон" ва ширкати "SLB";

    Созишномаи ҳамкорӣ миёни Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон ва ширкати "Biologic International" дар бораи таъсиси фондҳо барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва биотехнология.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates