Бахусус, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:

Созишнома миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати "Boeing" дар бораи ҳамкории дарозмуддат дар соҳаи нақлиёт;

Созишнома байни ҶММ "Технопарк" ва ширкати "FLSmidth" дар бораи таъсиси корхонаи муштарак барои истеҳсоли таҷҳизоти кӯҳкорӣ;

Созишнома байни "Akfa group" ва "Cleveland Clinic" дар бораи таъсиси клиникаи серсоҳа ва муассисаи таълимӣ;

Созишнома миёни ширкати ҳавоии "Centrum Air" ва ширкати сармоягузории "Oppenheimer" дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байниҳамдигарӣ;

Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати иқтисод ва молия ва ширкати "Citigroup";

Созишнома миёни ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" ва ширкати "Cargill Financial Services International" оид ба ҳамкории молиявӣ;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҶСК "Ӯзтрансгаз" ва ширкати "Pangea Filtration Technology";

Созишнома миёни Вазорати саноати кӯҳӣ ва геология ва ширкати "Cove Capital" дар бораи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии геологӣ дар маҳалҳои ояндадор;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҶММ "Янги Кон" ва ширкати "SLB";

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон ва ширкати "Biologic International" дар бораи таъсиси фондҳо барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва биотехнология.