Дар вазнҳои олимпӣ шарафи кишвари моро Улуғбек Рашитов (-68 кг), Шуҳрат Салаев, Никита Рафалович (ҳарду -80 кг) ва Светлана Осипова (+67 кг) ҳимоя мекунанд.
Мусобиқа ба таснифи G10 ворид мешавад, ки ғолиби он дар роҳ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж 100 имтиёзи рейтингӣ хоҳад гирифт. Ғолиби ҷои дуюм ба ҳисоби худ 60 имтиёз ва барандаи медали биринҷӣ 36 имтиёз зам мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқот паҳлавононе, ки дар нимфинал мағлуб шуда буданд, барои медали биринҷӣ байни худ мубориза мебаранд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа рӯзи 9-уми декабр қувваозмоиҳои интихобӣ дар ҳамаи вазнҳо ва муборизаҳо барои медали биринҷӣ ва даври ниҳоӣ 10-уми декабр дар назар аст.