Имрӯз протоколи байни ҳукумати Ӯзбекистон ва АМА дар бораи мутақобилан озод кардан аз талаботи раводид эътибор пайдо мекунад

    16 январи соли равон дар шаҳри Абу-Дабӣ протокол дар бораи озод кардани мутақобила аз додани раводиди вуруди Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расид.

    Мувофиқи ҳуҷҷат, ки сафири Ӯзбекистон Абдулазиз Акқулов ва муовини вазири корҳои хориҷии АМА Холид Абдуллоҳ Белҳул имзо карданд, шаҳрвандони Ўзбекистон ба мӯҳлати будубош дар АМА – на бештар аз 30 рӯз аз талаботи раводид озод карда мешаванд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд то 29 кишвари ҷаҳонро бидуни раводид боздид кунанд ва аз ин рӯ, кишвари мо дар раддабандии ҷаҳонии «Passport Index» дар мақоми 69-ум қарор дорад.

    Тибқи маълумоти Агентии омори Ӯзбекистон, дар давоми соли 2023 131 ҳазору 589 нафар шаҳрвандони мо ба АМА сафар кардаанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates