Сенаторон бо роҳбарони мактабҳои олӣ суҳбат карданд

    Бонги изтироб 1 Noyabr 2021 716

    Ҳодисаи байни муовини декани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ ва як донишҷӯ боиси интиқоди ҷиддии ҷомеа шуд. Ба гуфтаи сенаторҳо, рух додани чунин ҳолатҳо комилан хилофи арзишҳои мост ва бахусус, боиси таассуф аст, ки ин ҳодиса дар як муассисаи таълимӣ рух додааст.

    29 октябри соли равон Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва тандурустӣ ва Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенат бо иштироки роҳбарони ҳамаи муассисаҳои таълими олии мамлакат ба мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолат дар шакли алоқаи видеоконфронс суҳбати "мизи мудавар" баргузор намуд.

    Дар рафти чорабинӣ зарурати пайваста ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони ҷамоаҳои меҳнатӣ таъкид гардид, то дар донишгоҳҳо кормандони педагогӣ фаъолияти худро дар риояи меъёрҳои рафтор, қоидаҳои ахлоқ ба роҳ монанад, зуҳуроти зӯроварӣ нисбати донишҷӯён, фишор овардан ба онҳо, содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа барои кормандони соҳаи маориф шармандагӣ буда, дар натиҷа ҳар гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

    Ба донишҷӯён ҳамчунин дастур дода мешавад, ки дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо бояд фавран тавассути телефони боварӣ ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

    Дар рафти суҳбати "мизи мудаввар" ректорони донишгоҳҳо баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳар як корманди донишгоҳ барои бехатарии донишҷӯён масъул буда, барои пешгирии рафтори номатлуб нисбат ба онҳо чораҳои қатъӣ андешад ва ҳамзамон назорати ҷамъиятӣ пурзӯр гардонда шавад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates