ХБД: пеши роҳи ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ба маблағи қариб 361 миллион сӯм гирифта шуд

    Бехатарӣ 9 Yanvar 2023 1514

    Тақаллубкорӣ ва ба муомилот баровардани пул яке аз мушкилоте маҳсуб мешавад, ки ба амнияти иқтисодии кишвар таҳдид мекунад. Дар навбати худ, мақомоти Хидмати амнияти давлатӣ бо чунин таҳдидҳо фаъолона мубориза мебаранд.

    Аз ҷумла, дар доираи чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти амнияти давлатии вилояти Навоӣ автомашинаи тамғаи «Кобалт» боздошт ва дар ҳузури холисҳо, ки аз ҷониби сокини шаҳри Тошканди соли таваллудаш 1996 идора карда мешуд, аз назар гузаронида шуд.

    Дар натиҷаи ин аз бордони автомашина пулҳои қалбакии арзиши номиналии 100 ҳазор сӯм ба маблағи 221 миллиону 100 ҳазор сӯм ошкор карда шуда, бо тартиби мурофиавӣ расмӣ карда шуданд.

    Чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дода шуда, дар натиҷа 5 нафар шарикони ҷиноии ӯ, сокинони вилоятҳои Навоӣ ва Бухоро низ дастгир карда шуданд, ки аз онҳо пули қалбакӣ ба маблағи 139 миллиону 800 ҳазор сӯм бо тартиби муқарраршуда мусодира гардид.

    Дар натиҷаи тадбирҳои оперативӣ ба муомилоти пулҳои қалбакӣ ба маблағи 360 миллиону 900 ҳазор сӯм хотима дода шуд.

    Феълан алайҳи ин афрод бо моддаи дахлдори Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.