Шавкат Мирзиёев бо ҳаёти маҳалла шинос шуд

    Ҳукумат 12 Oktabr 2021 6047

    Президент Шавкат Мирзиёев дар маҳаллаи Хӯжалари ноҳияи Қоракӯл бо тарзи зиндагии аҳолӣ шинос шуд.

    Маҳалла дар маркази ноҳия ҷойгир буда, дар он зиёда аз 2,8 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо нуқтаҳои савдо ва корхонаҳои бофандагӣ зиёданд.

    Сарвари давлат меҳмони хонадони сокини ҳамин маҳалла Соҳиб Хӯҷамбердиев шуд.

    Сардори оила соҳибкор аст. Ҳамроҳи ҳамсараш Дилоромхон ду фарзандро тарбия кардаанд. Онҳо аз оилаҳои омилкори маҳалла мебошанд. Дар саҳни ҳавлӣ ва дар гармхонаи ихчам маҳсулоти полизӣ парвариш карда мешавад. Инчунин чорво ва парранда парвариш мекунанд.

    Дар бораи сулҳу осоише, ки дар кишвари мо ҳукмронӣ мекунад, имкониятҳои наве, ки имрӯз кушода шудаанд ва натиҷаҳои ислоҳот сӯҳбати самимӣ сурат гирифт.

    Пирони маҳалла ба кишвари мо баракат ва шукуфоӣ таманно карда, даст ба дуо кушоданд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates