Шавкат Мирзиёев Ли Чжэ Мёнро ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Корея интихоб шуданаш табрик гуфт

    Сиёсат 4 Iyun 2025 907

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Корея Ли Чжэ Мёнро ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаб табрик гуфта, ба ӯ беҳтарин таманниёт орзу кард.

    Дар номаи худ сарвари кишварамон изҳори боварӣ кард, ки таҳти роҳбарии Ли Чжэ Мён иқтидори зеҳнӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Корея боз ҳам рушд ёфта, мавқеъ ва нуфузи он дар саҳнаи байналмилалӣ тақвият меёбад.

    «Мо ба тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Корея аҳамияти махсус медиҳем. Бовар дорам, ки дар давраи президентии Шумо шарикӣ стратегӣ ва махсуси мо дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок бо суръати баланд рушд хоҳад кард», — гуфта мешавад дар паём.

    Президенти кишварамон ҳамчунин Ли Чжэ Мёнро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба ва дарозмуддати байни ду давлатҳо ташриф оварад.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates