Шавкат Мирзиёев нақшаҳои рушди вилояти Қашқадарёро эълон кард

    Интихоботи 11 Oktabr 2021 3866

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 октябр бо интихобкунандагони вилояти Қашқадарё вохӯрд.

    Вохӯриро шахси боэътимоди номзад дар вилоят Т. Поёнов кушод.

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз даҳ самти устувори рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иборат аст, маърӯза кард.

    -- Дар бораи Қашқадарё фикр карда, ба ин вохӯрӣ тайёрӣ дида, маро масъалаи ба зиндагии муносиб, дастурхони фаровон ва манбаи даромади доимӣ таъмин кардани аҳолии ин минтақа нигаронӣ мекард, --гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ҳадафи аслии барномаи панҷсолаи номзада таъсиси 400 ҳазор ҷойҳои корӣ дар минтақа муайян шудааст. Қайд карда шуд, ки барои ин рушди соҳибкорӣ ва самаранок истифода бурдани инфрасохтори корхонаҳои калон зарур аст.

    Аз ҷумла, дар ҳудуди вилоят дар назди корхонаҳои калон кушодани 75 минтақаи нави саноатии хурд ва таъсиси 25 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ ба нақша гирифта шудааст. Имкони созмон додани боз 10 ҳазор ҷойҳои кориро ташкили технопарки саноатӣ дар 12 гектари наздикии аэропорти шаҳри Қаршӣ фароҳам меорад.

    Дар Қашқадарё даромади бисёр одамон аз кишоварзӣ вобаста мебошад. Бинобар он дар барнома ба тараққиёти ин соҳа, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот диққати махсус дода шудааст. Тадбирҳо оид ба беҳтар намудани тухмӣ ва навъҳо, навсозии парки техникаи кишоварзӣ ва устувор бо об таъмин намудани заминҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, таҷдиди каскади стансияҳои насосии Қаршӣ ва беҳтар кардани таъминоти оби 400 ҳазор гектар майдон дар назар аст.

    Номзад инчунин нақшаҳои сармоягузорӣ ва содиротии худро эълон кард. Таъкид гардид, ки дар давоми панҷ соли оянда дар соҳаҳои саноат беш аз 2 ҳазор лоиҳа ба маблағи қариб 10 миллиард доллар амалӣ шуда, 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

    Аз ҷумла, ташкили кластери нави кимёвӣ ва дар он татбиқ намудани 12 лоиҳа ба арзиши умумии 2,7 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Нишон, Касбӣ, Миришкор ва Яккабоғ корхонаҳои нассоҷӣ кушода мешаванд. Дар соҳаи масолеҳи сохтмонӣ татбиқи 430 лоиҳа ба маблағи 740 миллион доллар, дар саноати хӯрокворӣ 185 лоиҳа ба маблағи 320 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

    Умуман, дар панҷ соли оянда аз буҷети давлатӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Қашқадарё 60 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.

    Дар барномаи номзад инчунин тадбирҳои азими фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, дар панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст, ки сатҳи таъмини оби ошомидании тоза аз 47 то 80 дарсад афзоиш ёбад.

    Таъкид шуд, ки аз соли равон дар асоси таҷрибаи вилояти Бағдод мавзеи "Ӯзбекистони нав", аз ҷумла манзил, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ сохта мешавад. 60 километр шоҳроҳи Тошканд-Тирмиз ва роҳҳои дохилӣ таъмир карда мешаванд.

    Ба масъалаҳои тиб, маориф, фарҳанг ва варзиш низ дахл карда шуд. Шавкат Мирзиёев бо иштирокдорони вохӯрӣ, интихобкунандагон, ба студия ҷамъомадагон суҳбат кард. Онҳо андешаҳои худро оид ба имкониятҳои рушди минтақа, мушкилоти мавҷуда дар маҳал иброз доштанд. Номзад ваъда дод, ки пешниҳодҳои садододаро ба барномаи худ дохил карда, татбиқ менамояд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates