Дар мулоқот масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ бо ин ниҳоди пешсафи молиявӣ баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо Бонк солҳои охир рушди мусбат касб намудааст. Ҳаҷми умумии портфели лоиҳаҳо аз 5 миллиард доллари ИМА гузашта, соҳаҳое чун нафтукимиё, энергетика, телекоммуникатсия, инфрасохтор, саноати сабук ва дигар самтҳоро дар бар мегирад.
Ба масъалаҳои омодасозии босифати лоиҳаҳои нав ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаҳои ба маблағи зиёда аз 10 миллиард доллар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рушди инфрасохтори IT, навсозии низоми тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок оғозёфта таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Аҳамияти густариши сармоягузорӣ ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, инчунин рушди бахши хусусӣ таъкид гардид.
Дар навбати худ, роҳбари Бонк Нобумитсу Ҳаяши ба натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба баҳои баланд дода, аз барномаи ислоҳоти густурдае, ки дар «Ӯзбекистони Нав» татбиқ мегардад, изҳори ҷонибдорӣ кард.








