баннер
26 Mar 2025
10:21

    Нақшаҳо оид ба рушди иқтисодиёти вилояти Сирдарё муҳокима гардиданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 25 феврал дар бобати муҳокимаи нақшаҳои рушди иқтисодиёт, афзудани ҷойҳои кор ва ҷалби сармоя дар вилояти Сирдарё дар соли 2025 ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар солҳои охир дар минтақа, дар чунин соҳаҳо, мисли энергетика, сохтмон ва соҳибкорӣ як андоза пешравӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ҷамъбасти сафари соли гузаштаи роҳбари давлат ба ноҳияи Сайҳунобод модели нави дастгирии хоҷагиҳои наздиҳавлӣ ва лоиҳаҳои тиҷорати хурд татбиқ гардида буданд.

    Аммо бинобар нокифоя будани ташаббускории роҳбарон тараққиёти саноат, савдо ва соҳаи хидматрасонӣ суст аст. Аз он ҷумла, саҳми сектори хидматрасонӣ дар иқтисодиёти вилояти Сирдарё дар мамлакат аз ҳама пасттарин боқӣ мемонад. Дараҷаи қашшоқӣ аз 11 фоиз зиёд, миқдори бекорон бошад, ба 22 ҳазор нафар мерасад.

    Ҳоло шароити иқтисодиёти ҷаҳон зуд тағйир меёбад. Дар чунин вазъият бартарияти рақобатро минтақаҳое соҳиб мегарданд, ки тамоилро фаъолона меомӯзанд, имконоти навро меҷӯянд ва захираҳои дохилиро босамар истифода мекунанд.

    Бо ин мақсад пешниҳодот дар бобати афзудани ҳаҷми сармоя ва беҳсозии фазои тиҷорат дар вилояти Сирдарё, коҳиш додани дараҷаи қашшоқӣ ва ҳамчунин босамар истифода намудани зарфияти транзити минтақа таҳия гаштааст.

    Аз он ҷумла ташкил намудани минтақаҳои саноатӣ дар майдони умумии қариб 900 гектар ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки 5 миллиард доллар сармоя ҷалб гардад ва беш аз 20 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шавад. Лоиҳаҳо дар Сирдарё, Ширин, Боявут, Хавос, Мирзообод, Гулистон, Оқолтин ва Сардоба ҷойгир карда мешаванд.

    Аз нигоҳи географӣ вилоят дар қисми марказии Ӯзбекистон ҷой гирифтааст, дар ин ҷо шоҳроҳҳои байналхалқии М-39, М-34, А-373 ва А-376 баҳам меоянд, ки бо онҳо шабонарӯзе 311 ҳазор воситаи нақлиёт убур мекунанд. Соҳибкорон омодаанд, ки дар шафати ин роҳҳо садҳо нуқтаи савдо ва хидматрасонӣ кушоянд.

    Умуман ба вуҷуд овардани 500 ҳазор метри мураббаъ майдонҳои савдову хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо кор банд намудани 50 ҳазор нафарро таъмин менамоянд.

    Ба туфайли шароити муносиби хоку иқлим минтақа дорои потенсиали баланд барои парвариши пахта, биринҷ, меваву сабзавот мебошад. Бинобар ин майдонҳои кишти картошка, пиёз, тамашк, смородина ва гелос васеъ карда мешаванд. Ба қитъаҳои наздиҳавлӣ, хошияи майдонҳо ва қитъаҳои шафати каналҳо ба майдони умумии 38 ҳазор гектар корхонаҳои азнавкоркард ва содиркунандагон вобаста карда мешаванд.

    Ғайр аз ин, дар ҳашт ноҳияи вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки 25 ҳазор гектар замини камдаромад барои кишти биринҷ гузаронда мешавад. Барои дастгирии хоҷагиҳои биринҷпарварӣ ба онҳо содир намудани 50 фоизи ҳосил иҷозат дода мешавад.

    Дар вилоят беш аз ҳазор иморат вуҷуд дорад, ки бештар аз 50 сол пеш аз ин сохта шудаанд. Дар доираи барномаи реноватсия дар ҷойи онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки маҷмуаҳои замонавии иқоматӣ бо ғунҷоиши умумии 15 ҳазор квартира сохта шавад. Ҳамзамон таҷрибаи намунавии шаҳри Марғилон ва ноҳияи Дӯстлик омухта мешаванд.

    Барои дастрасӣ ба истиқоматгоҳҳои нав ба девелоперҳо имтиёзҳои андоз ва гумрук вогузошта мешавад. Ғайр аз ин барои такмили роҳҳо, шабакаҳои электрӣ, фонди иқомат, инфрасохтори ирригатсионӣ, бозсозии кӯдакистонҳо, мактабҳо ва дигар объектҳои иҷтимоии вилоят 100 миллион доллар равона карда мешавад.

    Супориш дода шуд, ки маблағи ногузир ҷудо карда шавад ва то 1 июли соли ҷорӣ кор бобати таъмини бетаваққуфи шаҳри Гулистон бо оби ошомиданӣ ба охир расонда шавад. Пешниҳодот дар бобати васеъ намудани ҳудуди шаҳрҳои Гулистон ва Ширин барои тезондани ҷараёни урбанизатсия тасдиқ карда шуд.

    Дар маҷмӯъ, ба шарофати имконоти баррасигардида дар соли ҷорӣ ҷалб намудани 2 миллиард доллар сармоя, то 500 миллион доллар расондани ҳаҷми содирот ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар натиҷа беш аз 16 ҳазор ҷойи нави кор фароҳам оварда шуда, дараҷаи қашшоқӣ то 7,4 фоиз кам гардад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech