Тибқи Фармон, барномаи таълимии гурӯҳҳои омодасозии яксола ба мактаб ҳамчун звении ибтидоии таҳсилоти ҳатмии миёнаи умумӣ ҷорӣ карда мешавад.

Бо мақсади тарбия, инкишоф ва омӯзиши кӯдакон дар асоси муносибатҳои мусбат дар низоми таҳсилоти томактабӣ шакли бозигаронаи таълим ба амал дароварда мешавад.

Шабакаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии «Янги авлод» ташкил карда мешавад, ки ба баланд бардоштани сифати низоми таҳсилоти томактабӣ ва тарбия равона гардида, инчунин Маркази инноватсионии рушди кӯдаконро дар бар мегирад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншооти соҳаи иҷтимоӣ, дар гурӯҳҳои пурра ё қисман будубош барномаи таълимии гурӯҳҳои омодасозии яксолаи пеш аз мактаб амалӣ карда мешавад.

Ба ташкилотҳои ғайридавлатии таълимӣ, ки хидматрасониҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро пешниҳод мекунанд, иҷозат дода мешавад, ки гурӯҳҳои омодасозии яксолаи пеш аз мактабро ташкил намоянд.