Ба муносибати ҷашни 9 май ӯзбекистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд?

    Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ ба муносибати ин сана рӯзҳои истироҳатиро эълон кард. Мувофиқи он:

    9 май (ҷумъа) – Рӯзи хотира ва қадр;

    10 май (шанбе) барои онҳое, ки дар ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзи истироҳат ва барои онҳое, ки дар ҳафта 6-рӯз кор мекунанд, рӯзи корӣ мебошад;

    11 май (якшанбе) – рӯзи истироҳат аст.

    Ҳамин тариқ, ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр онҳое, ки дар як ҳафта 6 рӯз кор мекунанд, танҳо рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе ва онҳое, ки дар ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе истироҳат мекунанд.