Бонки осиёии рушд барои рушди сармояи инсонӣ ба Ӯзбекистон беш аз 90 миллион доллар ҷудо мекунад

    Молия 14 Sentabr 2023 2192

    Вазири шуғл ва коҳиши камбизоатӣ Беҳзод Мӯсоев бо аъзои ҳайат, ки роҳбари бахши рушди захираҳои инсонии Бонки осиёии рушд (БОР) Аяко Инагаки сарварӣ мекунад, мулоқот кард.

    Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи рушди сармояи инсонӣ дар кишвари мо ва татбиқи ташаббусҳои нав дар оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Инчунин, оид ба татбиқи созишнома байни Ӯзбекистон ва Бонки осиёии рушд ба маблағи 93 миллион доллари ИМА дар доираи лоиҳаи "Рушди малакаҳо барои иқтисодиёти муосир" фикру ақидаҳо изҳор шуданд.

    Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои саноати Ӯзбекистон, мусоидат ба рушди фарогир тавассути омӯзиши касбии ҷавонон ва аҳолии бекор равона шудааст.

    Лоиҳаи мазкур ба рушди захираҳои инсонӣ ҳамчун қувваи кории соҳибихтисос дар чунин секторҳо, аз қабили сохтмон, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, агробизнес ва саноати хӯрокворӣ, ххидматгузорӣ ба мошинҳо ва таҷҳизот мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates