Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғл хабар додааст.
Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеонаворе паҳн гардида буд, ки дар он ҷонишини ҳоким ба фаъолон супориш медиҳад, ки чинакчиёнро ба пахтачинӣ ҷалб намоянд ва ин боиси муҳокимаҳои ҷамъиятӣ шуд.
Мувофиқи маълумоти вазорат, ба ҳамин гуна қонуншиканӣ аз ҷониби роҳбари Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Бухоро Н.Аминова низ роҳ дода шудааст.
Дар мавсими пахтачинӣ аз ҷониби Нозироти давлатии меҳнат бо мақсади пешгирии меҳнати кӯдакон, роҳ надодан ба меҳнати маҷбурӣ, инчунин таъмини риоя ба қонунгузории меҳнат мунтазам мониторинг гузаронида мешавад.
Дар давоми мавсим 74 ҳолати нақзи қонунҳои меҳнат ошкор карда шуд. Ба мансабдороне, ки қонунро вайрон карданд, тибқи қисми якуми моддаи 49-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ҷаримаҳои маъмурӣ таъин шуданд.
Инчунин, 8 нафар шахсони мансабдор тибқи қисми якуми моддаи 51-уми Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ҷазо гирифтанд.
«Ба зиёда аз 1400 нафар чинакчиён ҷиҳати имзои шартномаҳои мавсимии меҳнатӣ кӯмак расонида шуд», — гуфта мешавад дар хабар.


