Неругоҳҳои офтобӣ ва бодии Ӯзбекистон 10 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол карданд

    Энергетика 9 Dekabr 2025 192

    Бино ба ҳолати 8 декабр, соати 17:00, ҳаҷми неруи барқе, ки неругоҳҳои офтобӣ ва бодии Ӯзбекистон дар соли 2025 истеҳсол карданд, ба 10 миллиард кВт-соат расид.

    Дар ин бора Вазорати энергетика маълумот дод. Гуфта мешавад, ки ҳоло дар кишвар неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо тавоноии умумии 5 582 мегават фаъолият доранд.

    Аз ҳисоби энергияи «сабз»:

    • 2,7 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа шуд;

    • аз ихроҷи 4,4 миллион тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ гардид.

    Боз як нишондиҳандаи муҳим, аз аввали соли ҷорӣ то 8 декабр, соати 17:00 неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва бодии Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 16 миллиард кВт-соат неру тавлид карданд.

    Барои маълумот: ин ҳаҷми неру истеъмоли солонаи 6,6 миллион хонаводаро таъмин мекунад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates