Дар ин бора Вазорати энергетика маълумот дод. Гуфта мешавад, ки ҳоло дар кишвар неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо тавоноии умумии 5 582 мегават фаъолият доранд.

Аз ҳисоби энергияи «сабз»:

• 2,7 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа шуд;

• аз ихроҷи 4,4 миллион тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ гардид.

Боз як нишондиҳандаи муҳим, аз аввали соли ҷорӣ то 8 декабр, соати 17:00 неругоҳҳои обӣ, офтобӣ ва бодии Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 16 миллиард кВт-соат неру тавлид карданд.

Барои маълумот: ин ҳаҷми неру истеъмоли солонаи 6,6 миллион хонаводаро таъмин мекунад.