Дар Ассотсиатсияи роҳбаладони Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи "Мактаби мураббиён"  баргузор гардид

    Сайёҳӣ 15 Iyun 2021 1667

    Дар доираи фармоиши давлатии иҷтимоии Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи "Мактаби мураббиён"-и назди Ассотсиатсияи роҳбаладони Ӯзбекистон баргузор гардид.

    Дар чорабинӣ муовини вазири туризм ва варзиш оид ба сайёҳии зиёратӣ Ӯткир Саидов, роҳбарони масъул, коршиносон ширкат варзиданд.

    Фаъолияти асосии "Мактаби мураббиён" тайёр кардани мураббиёни ботаҷриба ва касбӣ оид ба кор бо роҳбаладони ҷавон, инчунин тайёр кардани мутахассисон дар соҳаҳое чун зиёрат ва экотуризм мебошад.

    Муовини вазири сайёҳии зиёратӣ қайд кард, ки ифтитоҳи мактаб дар ҳоли ҳозир барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ва такмили ихтисоси роҳбаладон хеле муҳим аст, иттилоъ медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сайёҳӣ ва варзиш.

    Дар доираи ин чорабинӣ, инчунин, бо корманди китобхонаи Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, корманди масъули осорхонаи "Мӯйи Муборак Куръон"-и маҷмааи Ҳазрати Имом Фаррух Худойбердиев дар мавзӯи "Ислом ва одоби зиёрат суҳбати "мизи мудаввар" баргузор гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates