Дар ин дидор масоили омодагӣ ва баргузории нишасти Президентҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки авоили моҳи августи соли ҷорӣ дар Ишқобод баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии Саммитро баррасӣ карданд. Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.