Музокирот оид ба оғози лоиҳаи Маркази инноватсионии Осиёи Марказӣ оид ба истеҳсоли ваксина дар Ӯзбекистон

    Саноат 27 Oktabr 2022 1772

    26 октябри соли ҷорӣ байни Вазорати рушди инноватсионӣ, Агентии рушди соҳаи дорусозӣ ва ширкати чиноии "LuYe Luye Life Sciences Group" мулоқоти онлайнӣ ба амал омад.

    Дар он вазири рушди инноватсионӣ Иброҳим Абдураҳмонов, раҳбари агентӣ Сардор Қариев ва раҳбари ширкат Лю Дионбо иштирок карданд. Онҳо масъалаҳои ба кор даровардани лоиҳаи дар Осиёи Марказӣ ягонаи Маркази инноватсионӣ оид ба истеҳсоли ваксина дар Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

    Ҷонибҳо ҷузъиёти заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, инфрасохтор ва дигар ҷузъиёти барои татбиқи лоиҳа зарурирро баррасӣ намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик асосҳои техникию иқтисодии лоиҳаро таҳия намоянд. Дар натиҷаи вохӯрӣ тасмим гирифта шуд, ки барои татбиқи лоиҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

    Ёдовар мешавем, ки меморандум дар бораи ташкили “Маркази инноватсионии истеҳсоли ваксинаҳо” аз ҷониби Вазорати рушди инноватсионӣ дар якҷоягӣ бо Luye Investment Group Co., Ltd. 13 сентябри соли равон дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ дар Самарқанд ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расида буд.