Дар оғози мулоқот ҷонибҳо дар бораи фаъолияти худ, самтҳои асосӣ ва имкониятҳои мавҷуда мубодилаи иттилоот карданд. Ҷониби ҷопонӣ дар бораи таҷрибаи байналмилалӣ ва иқтидори сармоягузорӣ ва технологии ширкат маълумот пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни музокирот самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фармасевтӣ баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои истеҳсоли шартномавии доруҳо ва таҳияи доруҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ба роҳ мондани механизмҳои амалии ҳамкорӣ изҳор карданд.