Тибқи иттилои ИА «Дунё», ин сафар бо дастгирии Сафорати Ӯзбекистон дар Миср ташкил шудааст.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳайати Ӯзбекистон бо раванди истеҳсоли маҳсулоти дорувории баландсифат ва серталаб дар яке аз ширкатҳои пешбари биофармасевтии Миср — «Minapharm» шинос гардид. Ҳамчунин, имкониятҳо ва иқтидори истеҳсолии ин ширкат мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар музокирот бо роҳбарияти «Minapharm» дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.
Дар доираи тавофуқоти бадастомада дар марҳилаи аввал, нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ, мутахассисони ширкати мисрӣ ба Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом медиҳанд, то бозори фармасевтии кишварро таҳқиқ намуда, лоиҳаҳои дахлдорро омода созанд, инчунин коргарони маҳаллиро ҷалб намуда, малакаи онҳоро баланд бардоранд. Ҳадаф ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Паркент», воқеъ дар вилояти Тошканд мебошад.
Дар марҳилаи баъдӣ ширкати мисрӣ нақша дорад, ки технологияҳои пешрафтаро ҷорӣ намояд, маркази тақсимотӣ таъсис диҳад, доруҳои худро дар Ӯзбекистон сабти ном кунад, истеҳсоли онҳоро дар кишвар маҳаллӣ созад, инчунин маҳсулоти дорувориро барои содирот ба бозорҳои байналмилалӣ омода намояд.