Бо директори генералии департаменти Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон гуфтушунид барпо гардид.

    20 апрели соли 2022 Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев бо директори генералии Департаменти Шарқи Наздик ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон Кансуке Нагаока мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Ҷопон дар самти Афғонистон, аз ҷумла рушди вазъи кунунии ин кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Дипломати воломақоми Ҷопон ба талошҳои Ӯзбекистон оиди ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва кумаки иқтисодӣ ба Афғонистон баҳои баланд дод.

    К.Нагаока шабоҳати мавқеъ ва равишҳои ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Ҷопонро нисбат ба мақомоти нави Афғонистон қайд кард.

    Дар робита ба ин, аҳамияти иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, таъмини ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ ва таъсиси ҳукумат дар асоси намояндагии васеъ аз ҷониби ҳукумати муваққати Афғонистон таъкид гардид.

    Ҷониби Ҷопон ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар чаҳорчӯби муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон табодули афкор оид ба масъалаи Афғонистонро ба роҳ монад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates