Музокирот бо роҳбари гурӯҳи махсуси ВКХ-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба Афғонистон

    26 ноябри соли 2022 Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматулло Иргашев дар шаҳри Риёз бо муовини сардори Сарраёсати банақшагирии корҳои сиёсӣ – роҳбари гурӯҳи махсуси ВКХ-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба Афғонистон Абдулло бин Холид бин Сауд ал Кабир мулоқот намуд.

    Дар рафти мулоқот саъю кӯшиши Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ оид ба танзими осоиштаи бӯҳрони Афғонистон, ҳарчи зудтар ба кишвар расондани кумаки инсонпарварона ва дигар баррасӣ гардиданд.

    Абдуллоҳ бин Холид бин Сауд ал-Кабир ба иқдомоти амалии Ӯзбекистон дар ин самт баҳои баланд дода, бахусус дар охири моҳи июли соли равон дар Тошканд бомуваффақият баргузор шудани Конфронси байналмилалии «Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ» -ро қайд кард.

    Ҷонибҳо бахусус аҳамияти барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, ҷалби бештари кишварро ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ қайд карданд.

    Ҷониби Арабистони Саудӣ саривақтӣ будани саъю талошҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳани "Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар" дар Афғонистонро таъкид намуда, ҷонибдории ҳамаҷонибаи худро аз татбиқи лоиҳаи мазкур изҳор намуд.

    Фикре баён шуд, ки бидуни коркарди мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба мақомоти нави Афғонистон, инчунин зиёд гардондани кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ҳалли бӯҳрони шадиди иҷтимоию иқтисодии кишвар ғайриимкон аст.

    Ҷонибҳо дар идома додани машварат оид ба мавзӯи Афғонистон дар сатҳи намояндагони махсуси Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ манфиатдории тарафайн изҳор намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ўзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates