Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии кор бо СҶС баргузор гардид

    Тиҷорат 30 Sentabr 2022 1617

    28 сентябри соли равон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба кор бо Созмони умумиҷаҳонии савдо (СҶС) баргузор гардид.

    Дар рафти чорабинӣ вазъи кунунии шомилшавӣ ба СҶС ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Ӯзбекистон ба ин созмон баррасӣ шуд.

    Зимнан зикр гардид, ки дар авоили ҳафтаи ҷорӣ тамоми асноди зарурӣ барои ташкили музокироти пешбинишуда ба кишварҳои узви СҶС супурда шуд. Илова бар ин, музокироти дуҷониба бо кишварҳои узви СҶС ва машваратҳо бо Котиботи созмон барои сари вақт амалӣ намудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда идома доранд.

    Зимни ҷаласа вазифаҳои асосӣ то охири соли равон дар доираи шомил шудан ба СҶС муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки дар ин мариҳла ҷумҳуриро зарур аст, ки раванди муҳокимаи шартҳои узвияти кишвар ба ин Созмонро пурзӯр намояд.

    Ба аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба омодагии сари вақт ва босифат ба ҷаласаи 6-уми Гурӯҳи корӣ, таъмини иҷрои тамоми вазифаҳо дар сатҳи баланди касбӣ ва баланд бардоштани сифати ҳуҷҷатҳои омодашаванда супоришҳо дода шуд. Ҳамчунин зарурати таваҷҷуҳи хоса ба дархостҳои кишварҳои узви СҶС дар чаҳорчӯби музокироти дуҷониба таъкид шуд.

    Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад дар бораи ташаккули ӯҳдадориҳои пешакии Ӯзбекистон ҳангоми шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо, дар рӯзҳои наздик баргузор намудани музокироти дуҷониба бо кишварҳои аъзои СҶС барои пешбурди манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва тезондани воридшавии он ба Созмон қарор қабул гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates